27.12.2018
: 1655
27 декабр дар Муассисаи давлатии “Душанбе плаза” маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор шуд.
Ба табрики варзишгарону ҷавонон, ки соли равон ба дастовардҳо ноил гардиданд, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷимонӣ ва варзиши назди Президенти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода омаданд.
Азим Иброҳим зимни ироаи сухани табрикӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад ва имсол бо Амри Президенти кишвар аз 25 декабр 76 нафар ба гирифтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сазовор мегарданд. Бо ин мақсад аз Фонди захиравии Президенти мамлакат 931250 сомонӣ ҷудо шуд.
Қайд гардид, ки дар доираи ғамхориҳои Пешвои миллат соли равон 649 варзишгари тоҷик (аз ин 66 нафар бону) бо маблағи умумии 2794754 сомонӣ ба 146 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзиши кишвар 467 медал, аз ҷумла 151 медали тилло ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 медал зиёд мебошад. Аз шумораи умумии медалҳо 132 ададаш аз рӯи намудҳои олимпӣ ба даст омадааст. Баромади бомуваффақи дастаи футболи то 16-солаи кишвар дар чемпионати Осиё-2018, дастоварди варзишгарон дар Бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ боиси ифтихори бузург мебошад.
Зикр шуд, ки агар дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин рақам дар 27 сол ба 4602 расидааст.
Барои машқу тамрини варзишгарон феълан дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10000 иншооти варзишӣ фаъолият мекунад, танҳо давоми ду соли охир сохта ба истифода додани зиёда аз 200 иншооти гуногуни варзишӣ дар пойтахти азизамон бозгӯи олии мавриди таваҷҷуҳи давлати Ҳукумати кишвар қарор доштани ҷавонону варзишгарон мебошад.
Ҷоизаи Президент имсол, аз ҷумла насиби ҷоизадорони Бозиҳои Осиё – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё – Моҳру Ҳалимова, Идимоҳ Холова, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Хайёмиддин Ҷабборов, Давлаталӣ Назаралиев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов, Азмуддин Ваҳҳобов, Бахтовар Ҳасанов, Ҳабибҷон Зуҳуров, Фирӯз Мирзораҷабов, Асламҷон Азизов, Раҳмонҷон Маҳмадбеков, тими футболи наврасони кишвар, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Сорбон Латипов ва дигарон гардид.
Дар маросим дар баробари ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз рӯи 13 номинатсия беҳтаринҳои соҳа эълон гардиданд:
Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои олимпӣ)
ДИЛШОД НАЗАРОВ (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ҷои якум дар ҷоми қораҳои IAAF, ҷойи якум дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук дар Бразил, ҷои сеюм дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Лаҳистон)
Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои ғайриолимпӣ)
ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ (қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия)
Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон
ШАҲРИЁР ДАМИНОВ (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ду медали тиллои чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ду медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар ҳайати даставӣ оид ба қайиқронӣ)
Беҳтарин варзишгарбонуи сол
ИДИМОҲ ХОЛОВА (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон)
Беҳтарин дастаи мунтахаби сол
ТИМИ ФУТБОЛИ НАВРАСОН (U-16) (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё)
Беҳтарин мураббии сол
ЗАЙНИДДИН РАҲИМОВ (зери роҳбарии ӯ тими футболи наврасони кишвар медалҳои нуқраи чемпионати Осиёро сазовор гардида, ба чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу роҳхат гирифт.)
Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои олимпӣ)
ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН
Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои ғайриолимпӣ)
ФЕДЕРАТСИЯИ САМБОИ ТОҶИКИСТОН
Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишӣ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Беҳтарин расонаи хабарии варзишӣ
ТВ “ВАРЗИШ”
Беҳтарин шореҳи варзишии сол
АЛӢ ШАРИФ (ТВ “Варзиш”)
Беҳтарин иншооти варзишии сол
МАҶМААИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Беҳтарин муассисаи варзишии сол
МД “МАРКАЗИ ОМОДАГИИ ОЛИМПИИ ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ”
Инчунин, 23 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” ва “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.