21.12.2018
: 1094
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол охирин бозиашро дар соли 2018 доир кард. Шоми 20 декабр мунтахаби миллии мо дар меҳмонӣ бо мунтахаби Баҳрайн бозии рафиқона анҷом дод. Бозӣ бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи тими мизбон хотима ёфт.
Новобаста аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахш дар бозиҳои рафиқона муқобили дастаҳои миллии Уммон (1:2 ва 0:1) ва Баҳрайн (0:5), ки ҳар ду даста моҳи январ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2019 дар АМА ширкат мекунанд, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев ҳайати захиравии тимми миллиро аз санҷиш гузаронид.
Аз 23 футболбоз, ки ба ҳайати дастаи мунтахаб даъват шуда буданд, 16 нафараш бозингарони мунтахаби олимпии кишвар (U-23) мебошанд, ки моҳи марти соли оянда дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 иштирок мекунанд. Футболбозони ҷавони мо дар бозиҳои рафиқонаи моҳи декабр таҷрибаи хуб гирифтанд.