Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

9 медали каратэчиёни тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

19.12.2018

: 1148

Варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба каратэ WKF миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медалҳои тиллоро Муҳаммадхӯҷа Азаматов (-52кг), Парвиз Азизиён (-70кг) миёни наврасони 14-15-сола, Умед Сафаров (-76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола сазовор гардиданд. Медали чоруми тиллоро варзишгарони мо дар равияи кумитэи даставӣ дар ҳайати Фаррух Раҳимов, Маҳмаёри Ҳикматулло, Исмоил Раҷабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Муҳаммад Тешаев, Абдуваҳоб Шарапов, Умед Сафаров миёни ҷавонони то 18-сола ба даст оварданд.
Муҳаммад Тешаев (-55кг), Бекзод Маҳмудов (+76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола, Абдуваҳоб Шарапов (-67кг) миёни ҷавонони то 18-сола медалҳои нуқраро ба гардан овехтанд. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60кг) ва Фаррух Раҳимов (+87кг) миёни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ гардиданд.  
Ба иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон чемпионат 17-18 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки варзишгарони ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 16 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар ба ин мусобиқа сафарбар гардид.