01.12.2018
: 1314
Ду варзишгари ҷавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки имрӯз – 1 декабр – дар Ҳонг Конг шуруъ гардид, 2 медал ба даст оварданд.
Ҳар ду варзишгари тоҷик дар вазни -73кг гуштин гирифтанд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро аз сари роҳ дур кард ва дар финал бар варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд.
Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Ҳонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуд.
Дар мусобиқа 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ширкат доранд. Мусобиқа фардо идома меёбад.