Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдо: Дар Ҷоми Осиё ду варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

29.11.2018

: 4955

1-2 декабр дар Ҳонг Конг мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад.

Дар мусобиқа иштироки 232 варзишгар (135 мард, 97 зан) аз 29 давлати дунё дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа ду варзишгар – Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг иштирок мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дигар варзишгаронамон бо сабаби дарёфт накардани раводид наметавонанд ба Ҳонг Конг сафар кунанд.
1 декабр қувваозмоиҳо аз рӯи категорияҳои вазнии -48кг, -52кг, -57кг, -63 миёни бонувон, -60кг, -66кг, -73кг миёни мардҳо сурат мегирад. Дар рӯзи дуюм варзишгарони вазни -70кг, -78кг, +78кг миёни бонувон, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд.