28.11.2018
: 1190
Теннисбозони ҷавони кишвар Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия сазовори медал гардиданд. Дар ин бора Оҷонии “Азия плюс” иттилоъ додааст.
Ёсуман миёни иштирокчиёни то 10-сола ба финал роҳ ёфт, вале аз теннисбози мизбон мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра шуд.
Диана бошад, миёни иштирокчиёни то 15-сола медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври нимфинал аз теннисбози Чин шикаст хурд.
Айни замон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба теннис бо роҳбарии сармураббӣ Абдурасул Муҳиддинов дар Малайзия қарор дорад. Даста ба ҷамъомадҳои машқию таълимӣ фаро гирифта шуда, дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад. Варзишгарони мо сазовори хол гардида, ба раддабандии ҷаҳонӣ, ки солҳо боз номи варзишгарони тоҷик нест, ворид мешаванд.
Дастаи мунтахаби мо дар ҳайати Аҳмад Алмовов, Ёсуман Салимова, Диана Иванихина, Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев 29-30 ноябр дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар Малайзия ширкат мекунанд.
Дар акс Ёсуман Салимова, ки аввалин ҷоизаи байналмилалиро сазовор шуд.