28.11.2018
: 1157
Каратэ муддати тӯлонӣ муддаии ҳамчун намуди олимпӣ эътироф шудан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ буд. Яке аз монеаҳои асосии намуди олимпӣ гаштани каратэ ҷароҳати аз ҳад зиёд бардоштани варзишгарон ҳангоми рақобатҳо мебошад.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ соли 1985 каратэро ҳамчун намуди варзиш эътироф кард, аммо соли 1992 эътирофашро бозхонд намуд. Каратэ дубора соли 1999 аз ҷониби КБО ҳамчун намуди варзиш шинохта шуд.
Дар асоси Хартияи олимпӣ кишвари мизбони Бозиҳои олимпӣ имкон дорад як ё якчанд намуди варзиши дар минтақа рушдёфтаро ба барномаи бозиҳо ворид кунад. Каратэ дар ҳамин асос вориди барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид.
Соли 2020 (24 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш, аз ҷумла каратэ (WKF) ворид гардидааст.
Мусобиқаи каратэ аз рӯи 8 қувваозмоӣ доир мешавад: равияи кумитэ – категорияҳои вазнии -67кг, -75кг, +75кг миёни мардон, -55кг, -61кг, +61кг миёни бонувон ва равияи ката миёни мардҳою бонувон.
Дар намуди каратэ ҳамагӣ 80 варзишгар (40 нафар миёни мардон, 40 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 8 нафар (1 нафар дар як қувваозмоӣ).
Барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамаи варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони кишвари мизбон ва онҳое, ки квотаи комиссияи сеҷонибаро дарёфт мекунанд, бояд узви фаъоли Федератсияи миллии варзишии кишвари худ бошанд; дар рӯйхати 50-гонаи аввали раддабандии ҷаҳонии Федератсияи ҷаҳонии карате аз 6 апрели 2020 ҷойгир бошанд, ба истиснои варзишгароне, ки тариқи мусобиқаҳои қитъавӣ ё мусобиқаҳои интихобӣ сазовори роҳхат шудаанд.
Дар ҳар қувваозмоӣ ҳадди аксар 10 роҳхат дода мешавад.
Варзишгарон тариқи раддабандии ҷаҳонӣ ва мусобиқаҳои интихобии олимпӣ соҳиби роҳхат мешаванд. 32 роҳхат дар асоси раддабандии ҷаҳонӣ аз 6 апрели соли 2020 дода шуда, 24 нафар тариқи мусобиқаи интихобии олимпӣ, 12 нафар тариқи қитъаҳо, 8 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи квотаи комиссияи сеҷониба ба Токио сафарбар мегарданд.
Ба 4 варзишгаре, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ аз 6 апрели соли 2020 мавқеи аз ҳама баланд доранд, роҳхат дода мешавад, бо дарназардошти як роҳхат дар як вазн ба як КМО. Дар мусобиқаи интихобии олимпӣ, ки 8-10 майи соли 2020 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад, 3-гонаи аввали ҳар қувваозмоӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд. Варзишгароне, ки қаблан роҳхат ба даст овардаанд, ҳаққи иштирок дар мусобиқаи интихобиро надоранд. Ба намояндагони қитъаҳо дар умум 12 ҷой ҷудо карда мешавад: барои Африқову Амрико 3-роҳхатӣ, Осиё, Аврупо, Уқёнус 2-роҳхатӣ. Бозиҳои Аврупо (14-30 июни 2019 дар Мински Белорус) ва Бозиҳои Пан Америка (26 июл – 11 августи 2019 дар Лимаи Перу) барои намуди каратэ интихобӣ хоҳанд буд. Ба кишвари мизбон (Ҷопон) 8 квота (дар ҳар қувваозмоӣ як нафар) ва тариқи Комиссияи сеҷониба барои ҳамаи кумитаҳои олимпӣ 4 квота ҷудо карда мешавад.
Варзишгарони Тоҷикистон – Гулосори Суҳроб (-55кг), Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Далерҷон Баротов, Абдуваҳоб Шаропов, Маҳмаёри Ҳикматулло (-60кг), Носиршайх Файзуллоев (-66кг), Шероз Икромов, Ҷавоҳир Ҳайдаров (-84кг) дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи ҷаҳонии каратэ (WKF) ворид шудаанд ва барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
Мусобиқаи каратэ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Марҳилаи интихобӣ – 2 июли 2018 то 30 июни 2020
Қувваозмоӣ – 8
Мардон – 4
Бонувон – 4
Шумораи иштирокчиён
Мардон – 40
Бонувон - 40
Ҳамагӣ – 80
Синну сол:
Барои равияи кумитэ - 16+
Барои равияи ката – 18+
Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи раддабандии ҷаҳонӣ – 32
Роҳхат тариқи мусобиқаи интихобии олимпӣ – 24
Роҳхат тариқи қитъаҳо – 12
Квота ба кишвари мизбон – 8
Квота тариқи комиссияи сеҷониба - 4
Ҳамагӣ – 80