29.10.2018
: 1315
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври чорякфинали Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия ҷараён дорад, аз дастаи ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.
Голи ягонаро Ҷон Се-Ҷин дар дақиқаи 44 зад. Бо ҳамин, дастаи ҷавонони Тоҷикистон иштирокаш дар Чемпионати Осиёро ба анҷом расонд.
Ин бори дуюм аст, ки тими ҷавонони кишвар ба даври чорякфинали марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбад. Бори аввал ду сол қабл – соли 2016 футболбозони ҷавони мо то даври чорякфинал баромаданд ва аз тими ҷавонони Ҷопон шикаст хурданд.
Дар чемпионати имсола дастаҳои Қатар, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба нимфинал роҳ ёфтанд. Дастаи дигари ин давр имрӯз, пас аз бозӣ миёни тимҳои Арабистони Саудӣ – Австралия маълум мешавад.
Қатар, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ-Австралия ба Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар Лаҳистон ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.