29.10.2018
: 1360
Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар таърихи мавҷудияташ бори 7-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Дар бозии финалии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон-2018, ки 27 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, “Истиқлол” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро ҳамлавар Комрон Турсунов ба ҳадаф расонда, беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дониста шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ баъд аз вохӯрии ниҳоӣ ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва Алишер Урунов, ҳамчунин намояндаи расмии ширкати «Huawei» дар Тоҷикистон Суй Фэн ширкат намуданд.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2018 – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар баробари медали тилло ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30000 сомонӣ дарёфт кард. “Регар-ТадАЗ” бошад, соҳиби медали нуқра ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 20000 сомонӣ гардид.
Ҷоми Тоҷикистон-2018. Финал
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0
Гол: Комрон Турсунов, 60.
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Артем Барановский, Сиёвуш Асроров, Шаҳром Сулаймонов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷурабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 86).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Бахтиёр Қаландаров, Ойбек Абдуғаффоров, Акбар Бобомуродов, Сафаралӣ Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Шерзод Маҳмадиев, 71), Хайрулло Азизов, Фарҳод Холбеков, Ҳикматулло Расулов, Амирҷон Сафаров (Парвиз Қурбоналиев, 64).
27 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 15 145 мухлис.