24.10.2018
: 1205
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаҳо оид ба қайиқронӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷараён дорад, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре мураббӣ Зоҳирҷон Набиев аз шаҳри Самарқанд иттилоъ дод, ин навбат Абдусаттор Ғаффоров сазовори ду медал гардид. Абдусаттор дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷӣ ба гардан овехт. Дар ин қувваозмоӣ ҷои аввалро Алексей Мочалов аз Узбекистон, ҷои дуюмро Ибрагим Шарафутдинов аз Қазоқистон ишғол намуданд.
Абдусаттор, ҳамчунин дар байдаркаи дунафарӣ ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ гаштанд. Ҷуфти варзишгарони Қазоқистон – Давлат Султонбеков/Александ Эмелянов медали тилло, ҷуфти варзишгарони Узбекистон – Александр Тропин/Вилям Ибрагимов медали нуқра гирифтанд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Шаҳриёр, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, фардо - 25 октябр анҷом меёбад.