24.10.2018
: 1273
Бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Малайзия дар гурӯҳи “D”, ки дар Индонезия ҷараён дорад, мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Баъд аз ду бозӣ тими ҷавонони мо бо 4 хол дар зинаи дуюм қарор дорад. Барои ба даври чорякфинал баромадан барои шогирдони Мубин Эргашев дар бозии ниҳоӣ бо Арабистони Саудӣ натиҷаи мусовӣ басанда аст.
Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)
Гурӯҳи «D»
1-ум давр. 20 октябр
ТОҶИКИСТОН – Чин – 1:0
Гол: Шарафҷон Солеҳов, 77.
Арабистони Саудӣ – Малайзия – 2:1
2-юм давр. 23 октябр
Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 2:2
Голҳо: Муҳаммад Ҳодӣ Фаядҳ, 11 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 34 – аз пеналтӣ (1:1). Далер Ёдгоров, 45+1 (1:2). Ваҳдат Ханонов, 55 – автогол (2:2).
Арабистони Саудӣ – Чин – 1:0
3-юм давр. 26 октябр
Арабистони Саудӣ - ТОҶИКИСТОН
Чин - Малайзия