Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сулаймони Ҷамшед соҳиби медали биринҷии БОН-2018 гардид

Сулаймони Ҷамшед соҳиби медали биринҷии БОН-2018 гардид Сулаймони Ҷамшед соҳиби медали биринҷии БОН-2018 гардид Сулаймони Ҷамшед соҳиби медали биринҷии БОН-2018 гардид

11.10.2018

: 554

Дзюдочии тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар Буэнос Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар ҳисоби даставӣ сазовори медали биринҷӣ шуд.

10 октябр дар рӯзи чоруми мусобиқаи дзюдо қувваозмоиҳои даставии омехта баргузор шуд. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд.
Варзишгари тоҷик Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни -66кг ҷои нуҳумро ишғол карда буд, дар ҳайати дастаи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо варзишгарони Косово (Эрза Муминовиқ), Туркманистон (Милана Чоригулиева), Алҷазоир (Ёсамин Ҷиллаб), Словения (Метка Лобник), Қирғизистон (Султон Женишебов), Руссия (Абрек Нагучев), Бурунди (Флери Нихозеко) ҷои сеюмро сазовор шуд.
Дар ҳайати даставӣ тими “Пекин” ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи “Афина” ҷои дуюм, дастаҳои “Рио-де-Жанейро” ва “Лондон” зинаи сеюмро сазовор шуданд.
Намояндаи дигари кишвари мо Бежан Файзуллоев дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10м қувва озмуда, дар даври интихобӣ миёни 20 варзишгар бо натиҷаи 538-7 ҷои 20-умро ишғол намуд.
Баъд аз 4 рӯзи натиҷагирии мусобиқоти Бозиҳои олимпии наврасон-2018 варзишгарони Руссия бо 21 медал (16 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) дар ҷои аввал ҳастанд. Дастаи Маҷористон бо 10 медал (8-1-1) дар мақоми дуюм, Дастаи Ҷопон бо 10 медал (4-3-3) дар мақоми сеюм қарор доранд. Умуман, варзишгарони 63 давлат то имрӯз соҳиби медал гаштаанд.