Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд

Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд Пешвои миллат футболбозони наврасро қадрдонӣ карданд

11.10.2018

: 1362

11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардиданд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Зимни суҳбат бо варзишгарон нахуст Сарвари давлат ғалабаи дастаро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд. Таъкид доштанд, ки ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад, ки аз як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, шарафи бузург аст ва ҳам як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16-сола дар тамоми кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз 16 то 29 сентябри соли 2017 баргузор гардида буд.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 дастаи қитъаи Осиё баргузор гардида, тими мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод ва сазовори ҷойи дуюм гардида, ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17-сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Дар ҳақиқат датоварди мунтахаби футболбозони наврас руҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумул бедор кард. Аксари мардуми ҷумҳурӣ бозиҳои ниҳоиро тамошо карда, ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ карданд.
Дар охири суҳбат Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ғалабаро ба варзишгарони тоҷик муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки наврасони ҷумҳурӣ бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳо дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар кишвари Перу бо ғалаба ба Ватан бармегарданд ва бори дигар шарафи кишварро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.