Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сулаймон дар БОН-2018 ҷои нуҳумро ишғол кард

08.10.2018

: 56

7 октябр – дар нахустин рӯзи мусобиқаҳои 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон варзишгари тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар намуди дзюдо гуштин гирифта, ҷои нуҳумро ишғол кард.

Сулаймон дар вазни -66 кг нахуст бар варзишгари Қирғизистон Султон Женишбеков ғалаба кард, вале дар рақобати дуюмаш аз намояндаи Озарбойҷон Вугар Толибов, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Сулаймони Ҷамшед, баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш аз паҳлавони кубагӣ Кимӣ Бранко низ шикаст хӯрд. Абрек Нагучев аз Руссия медали нуқра, Ҷевиа Инсаустӣ аз Испания ва Антонио Торнал аз Доминикан медалҳои биринҷии олимпиадаро сазовор шуданд.