Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқраи ЧО-2018 гашт

Мунтахаби Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқраи ЧО-2018 гашт Мунтахаби Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқраи ЧО-2018 гашт Мунтахаби Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқраи ЧО-2018 гашт Мунтахаби Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқраи ЧО-2018 гашт Мунтахаби Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқраи ЧО-2018 гашт

08.10.2018

: 1114

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 гардид.

Дар бозии финалӣ, ки шоми дирӯз – 7 октябр – дар Куала Лумпури Малайзия доир гашт, тими наврасони мо аз тими Ҷопон, ки бори сеюм қаҳрамони Осиё шуд, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи 63 Ҷун Нишикава ба ҳадаф расонд.
Дар баробари “нуқра” дастаи Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳонро пайдо кард, ки октябри соли 2019 дар Перу баргузор мешавад.
То ба финал расидан тими наврасони мо роҳи мураккаберо тай намуд. Дар оғози мусобиқа наврасони мо бозиро бар тими мизбон – Малайзия бохтанд (2:6), вале баъдан бо тими Ҷопон мусовӣ (0:0) бозӣ карда, бар дастаи наврасони Тайланд пирӯз шуданд (2:1). Дар чорякфинал дастаи наврасони Тоҷикистон тими Кореяи Шимолиро (1:1, силсилаи пеналтӣ – 4:2), ки солҳои 2010, 2014 чемпиони Осиё гардида буд ва дар нимфинал ду карат қаҳрамони Осиё - Кореяи Ҷанубиро (1:1, силсилаи пеналтӣ – 7:6) шикаст доданд.
Дар натиҷа мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 (U-16) гардиданд, ки натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби наврасон мебошад. Қаблан тими наврасони мо ду маротиба (2006, 2010) дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё иштирок ва соли 2006 дар Сингапур ҷои сеюмро ишғол намуда буд.
Баъд аз бозии финалӣ сармураббиёни дастаҳо андешаҳояшонро чунин баён карданд:
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон:
- Мунтахаби Ҷопонро барои сазовори медалҳои тилло шудан табрик мекунам. Ба бачаҳои худам барои азхудгузаштагӣ ташаккур мегӯям, онҳо то охир талош карданд, барои “тилло” кӯшиш намуданд. Ҳамчунин, ба ҳамаи мухлисон, ки дастаро дар давраи чемпионат дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамоям. Ман бо бозингаронам ифтихор мекунам. Баъд аз бохт аз дастаи Малайзия дар бозии нахустин, бачаҳо тавонистанд ба бозӣ баргарданд ва то финал расиданд. Дар финал бахти тими Ҷопон хандид. Агар дар умум иштироки тими Тоҷикистонро баҳогузорӣ кунем, ман баҳои 5+ мемондам. Назди дастаи мо вазифа гузошта шуда буд, ки роҳхати чемпионати ҷаҳон-2019-ро ба даст оварем, аммо бачаҳо натиҷаи беҳтар нишон доданд, натиҷае, ки шояд ҳеҷ кас интизорашро надошт. Ташаккур ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор ба тими наврасон. Сипос ба ситоди мураббиён, ки ба ман кӯмак карданд. Медалҳои нуқра ва роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон кори умумии ҳамаи мо буд”.

Йоширо Морияма, сармураббии мунтахаби наврасони Ҷопон:
- Мунтахаби Тоҷикистон яке аз дастаҳои беҳтарин чемпионати Осиё буд. Вақте мо дар давраи гурӯҳӣ вохурдем, барои гол задан қувваи зиёд сарф намудем, чун хатти ҳимояи хеле қавӣ доранд, вале дар муқоиса бо он дидор бозии имрӯзаашон хеле беҳтар буд. Бисёр қавӣ бозӣ карданд. Ҳамлагарони тими Тоҷикистон суръати тез доранд, ки барои мо хавфнок буд. Чунин мешуморам, ки дар финал ду дастаи беҳтарини чемпионат вохурданд.

Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон (U-16). Финал

Ҷопон – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Ҷун Нишикава, 63.

Ҳайати Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Амадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 60), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 66), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров.

Сардовар: Аҳмад Яқуб Иброҳим (Урдун).

7 октябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи миллии “Букит Ҷалил”. 352 мухлис.

Ҳамаи бозиҳои финалии Чемпионати Осиё миёни наврасон (1985-2018):
1985. Арабистони Саудӣ – Қатар – 0:0. Силсилаи пеналтӣ – 4:3
1986. Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:0. Силсилаи пеналтӣ – 5:4
1988. Арабистони Саудӣ – Баҳрайн – 2:0
1990. Қатар – АМА – 2:0
1992. Чин – Қатар – 2:2. Силсилаи пеналтӣ – 8:7
1994. Ҷопон – Қатар – 1:0 (вақти иловагӣ)
1996. Уммон – Тайланд – 1:0
1998. Тайланд – Қатар – 1:1. Силсилаи пеналтӣ – 3:2
2000. Уммон – Эрон – 1:0
2002. Кореяи Ҷанубӣ – Яман – 1:1. Силсилаи пеналтӣ – 5:3
2004. Чин – ҶХД Корея – 1:0
2006. Ҷопон – ҶХД Корея – 4:2 (вақти иловагӣ)
2008. Эрон – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1
2010. ҶХД Корея – Узбекистон – 2:0
2012. Узбекистон – Ҷопон – 1:1. Силсилаи пеналтӣ – 3:1
2014. ҶХД Корея – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1
2016. Ироқ – Эрон – 0:0. Силсилаи пеналтӣ – 4:3
2018. Ҷопон – ТОҶИКИСТОН – 1:0