Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали биринҷии тими ҷавонон дар Чин

11.09.2018

: 34

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои футболи ҷавонони то 21-сола дар шаҳри Сюсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар мусобиқа 4 даста иштирок карданд – Мянма, Тоҷикистон, Узбекистон, Чин. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 3 вохурӣ гузаронида, ду бозиро бо Чин (1:1), Мянма (0:0) мусовӣ карда, дар як вохурӣ аз дастаи ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва сазовори медалҳои биринҷии мусобиқа гардид.
Тими ҷавонони Узбекистон бо 7 хол ҷои аввалро ишғол намуд. Зинаи дуюм насиби дастаи мизбон – Чин гардид.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Чин барои футболбозони ҷавони Тоҷикистон (бозингарони соли таваллудашон то 1997) як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор мерафт, ки 18-26 марти соли оянда доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин
1-ум давр
Узбекистон (U-21) – ТОҶИКИСТОН (U-21) – 1:0
Чин (U-21) – Мянма (U-21) – 1:0

2-юм давр
ТОҶИКИСТОН (U-21) – Чин (U-21) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов.
Мянма (U-21) – Узбекистон (U-21) – 0:2

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН (U-21) – Мянма (U-21) – 0:0
Чин (U-21) – Узбекистон (U-21) – 1:1