Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни кишвар дар ЧҶ-2018 ширкат мекунанд

12.09.2018

: 1382

Аз 20 то 27 сентябри соли равон шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон 32-юм Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор мешавад.

Барои ширкат дар мусобиқа 815 варзишгар аз 131 кишвар дархост кардаанд. Аз ҷумҳурии мо барои иштирок дар мусобиқаи рақами 1-и дзюдои ҷаҳон 10 нафар номнавис шудаанд:
Вазни -60 кг
Боқиев Суҳроб

Вазни -66 кг
Боқиев Ёқубҷон

Вазни -73 кг
Хоҷазода Беҳрӯз
Маҳмадбеков Сомон

Вазни -81 кг
Муродов Акмал

Вазни -90 кг
Устопириён Комроншоҳ

Вазни -100 кг
Саидов Саидҷалол

Вазни +100 кг
Мирмамадов Шакармамад
Раҳимов Темур

Вазни -57 кг миёни бонувон
Қаландарова Шоҳида

Дар чемпионати ҷаҳон варзишгарон баландтарин холҳои олимпиро сазовор мешаванд. Ғолибони чемпионат соҳиби 2000 хол, барои ҷои дуюм 1400 хол ва барои ҷои сеюм соҳиби 1000 хол мегарданд.
Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 800000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар баробари медали тилло 26000 евро (2500 евро ба мураббӣ) ба даст меоранд. Барои ҷои дуюм 15000 евро (3000 евро ба мураббӣ) ва барои ҷои сеюм 8000 евро (1600 евро ба мураббӣ) пешбинӣ гардидааст.

Тақвими Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба дзюдо
Боку. Толори миллии гимнастика
20.09. Вазни -48 кг (бонувон), -60 кг (мардон)
21.09. Вазни -52 кг (бонувон), -66 кг (мардон)
22.09. Вазни -57 кг (бонувон), -73 кг (мардон)
23.09. Вазни -63 кг (бонувон), -81 кг (мардон)
24.09. Вазни -70 кг (бонувон), -90 кг (мардон)
25.09. Вазни -78 кг (бонувон), -100 кг (мардон)
26.09. Вазни +78 кг (бонувон), +100 кг (мардон)
27.09. Рақобатҳои даставии омехта.

Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразил дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.