Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Туҳфаи сазовори таеквондочиён ба ҷашни Истиқлолият

Туҳфаи сазовори таеквондочиён ба ҷашни Истиқлолият Туҳфаи сазовори таеквондочиён ба ҷашни Истиқлолият Туҳфаи сазовори таеквондочиён ба ҷашни Истиқлолият Туҳфаи сазовори таеквондочиён ба ҷашни Истиқлолият

10.09.2018

: 1454

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WT) дар аввалин Чемпионати кушоди Осиё сазовори 8 медал гардиданд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон аввалин Чемпионати кушоди Осиё оид ба таеквондо 7-9 сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд. Варзишгарони мо миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 2 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар зери роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов, Зафар Тошматов ва роҳбари даста Фирӯз Файзиев ба мусобиқа сафарбар гардида буданд.
Миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кг, Амал Ибрагимов дар вазни 59 кг сазовори медали тилло шуданд. Медалҳои нуқраро Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кг, Муҳаммадҳусайн Шомаҳмадов дар вазни 51 кг миёни ҷавонон ва Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кг миёни наврасон сазовор гаштанд. Медалҳои биринҷиро Насиба Давлатова дар вазни 46 кг, Лутфулло Алиҷон дар вазни 63 кг миёни ҷавонон ва Асланбек Фозилов дар вазни 57 кг миёни наврасон ба даст оварданд.
Дар Чемпионати кушоди Осиё наздики 400 варзишгар аз 15 давлати қора иштирок карданд.
Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, барои ҳакамӣ ба мусобиқаи мазкур ду нафар довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Алиназаров ва Ошурмуҳаммад Ошуров даъват шуда буданд.