Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тақдими лавозимоти варзишӣ ба мактаби варзишии Шуғнон

11.09.2018

: 1041

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиё, ҷавонону варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд.

Абдуллозода А. зимни суханронӣ иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди миллати тоҷик буда, дар як давраи ҳассоси таърихӣ ба даст омад. Душманони миллат ба ҳар роҳу восита мехостанд давлату миллати тоҷикро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест намоянд, вале дар ин лаҳзаҳои душвори сарнавишти миллати тоҷик ба сари қудрат шахсияти нотакорои таърихӣ, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад, ки барои миллат тамоми ҳастии хешро бахшида, бо ҷоннисориву корнамоиҳои беназир фазои оромиву осудагӣ, саодату иқбол ва фараҳу шодиро ба миллати тоҷик ҳадя намуд.
- Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад, – зикр намуд Абдуллозода Аҳтам.
Абдуллозода Аҳтам, ҳамзамон, аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон дидан намуда, бо масъулини соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар қаламрави кишвар рушд намуда, мураббиёну варзишгарон пайваста аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.
Дар ин замина, ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.