Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Истиқболи президенти ШОО аз рушди варзиши занон дар Тоҷикистон

28.08.2018

: 241

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҷакартаи Индонезия, ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои 18-уми Осиё, як қатор мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод.

Аз ҷумла, дар мулоқот бо президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Абдуллозода Аҳтам иттилоъ дод, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон сол то сол бештар рушд мекунад. Аз ҷумла, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ҳатто дар деҳот толору иншооти варзишӣ сохта хоҳанд шуд. Гуфта шуд, аз ҷумла бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё чанде пеш дар шаҳри Душанбе як майдончаи варзишӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти Шӯрои олимпии Осиё аз ташаббусҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш истиқбол карда, иброз намуд, ки мо метавонем лоиҳаҳои ҷадидро оид ба сохтмони иншооти варзишӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва харидории лавозимоти варзишӣ амалӣ намоем. Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ афзуд, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои сохтмони як майдончаи дигари варзишӣ ва лавозимоти варзишӣ лоиҳа пешниҳод намояд.  
Рушди варзиш миёни бонувон яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт. Қайд гардид, ки 50 фисади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд, аз ин хотир месазад, ки дар самти варзиши бонувон ҳам корҳои самарабахш сомон дода шавад. Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ аз иштироки тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои Осиё, новобаста аз натиҷаи вохӯриҳо, истиқбол намуд.
“Маҳз дар ҳамин замина мо бо Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нақшаҳои ҷадидро ояндаи наздик рӯи кор хоҳем гирифт”, - иброз дошт президенти Шӯрои олимпии Осиё.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳо изҳори назар карданд.

Абдуллозода Аҳтам, дар доираи сафари корӣ, ҳамчунин бо директори генералии Ширкати “Kingdom Sports”-и Австралия Даниел Бенистон вохурд.
Ҳангоми вохӯрӣ ҷаноби Бенистон гуфт, ки ширкаташ омода аст дар таҳияи либоси варзишӣ, либоси расмӣ, таъмини ҷои хобу хӯрок, билетҳои мусобиқот ва омода намудани нишони сарисинагӣ ва медалҳои хотиравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ҳангоми ширкат дар Бозиҳои варзишӣ сарпарастӣ намояд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расонид.