Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими ҷавонони кишвар медали биринҷии Ҷоми Президенти Қазоқистонро сазовор шуд

Тими ҷавонони кишвар медали биринҷии Ҷоми Президенти Қазоқистонро сазовор шуд Тими ҷавонони кишвар медали биринҷии Ҷоми Президенти Қазоқистонро сазовор шуд

28.08.2018

: 146

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ ҷавонони кишвар бар дастаи мунтахаби Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров заданд.
Қаблан шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаи мунатахаби Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, аз дастаи Академияи Краснодар (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хурда буд.
Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон 24-28 август дар Талгар бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-17), Озарбойҷон (U-17), ба гурӯҳи “В” дастаҳои Академияи Краснодар (U-17), Қазоқистон (U-16) ва Тоҷикистон (U-16) дохил буданд.
Дар бозӣ барои ҷои панҷум дастаи Қазоқистон (U-16) бар тими Қирғизистон (U-17) ғалаба кард – 4:0. Бозии ниҳоӣ шоми имрӯз миёни дастаҳои Академияи Краснодар (U-17) ва тими Озарбойҷон (U-17) баргузор мешавад.
Хазинаи ҷоизавии мусобиқа 15000 долларро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо 7000 доллар, дастаи ҷои дуюм бо 5000 доллар ва дастаи ҷои сеюм бо 3000 доллар мукофотонида мешаванд.
Иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими ҷавонони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 ба ҳисоб меравад, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор хоҳад шуд. Футболбозони ҷавони мо дар гурӯҳи “А” бо ҳамсолонашон аз Малайзия (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Тайланд (26 сентябр) вомехуранд.