Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати АФОМ: Ғалабаи Тоҷикистон бар Қирғизистон

30.07.2018

: 1454

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-15) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ), ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, ғалабаи сеюмашро ба қайд гирифт.

Дар даври чоруми чемпионат футболбозони ҷавони кишвар ба дарвозаи тими ҷавонони Қирғизистон 2 голи беҷавоб заданд. Голҳоро Муиб Саидов (дақиқаи 23) ва Давлатбек Акрамов (дақиқаи 31) ба номи худ навиштанд.
Тими ҷавонони кишвар бозиро бо 9 нафар анҷом доданд. Дар нимаи дуюми дидор довари майдон ба Ҳикматулло Хайруллозода ва Азизбек Ҳаитов корти сурх нишон дод. Акнун онҳо дар бозии ниҳоӣ бо тими Эрон иштирок карда наметавонанд.
Дар бозиҳои дигар Эрон бар Узбекистон (1:0) ва Афғонистон бар Туркманистон (3:0) ғалаба карданд.
Баъд аз натиҷагирии 4 давр дар ҷадвали чемпионат тими ҷавонони Эрон бо 12 хол ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар мақомҳои дуюму сеюм Узбекистон ва Тоҷикистон бо 9-холӣ мавқеъ доранд.  
Ғолиби чемпионат имрӯз – 30 июл муайян мешавад. Дар даври охирини чемпионат Тоҷикистон бо Эрон (18:00), Узбекистон бо Афғонистон (18:00) ва Қирғизистон бо Туркманистон (21:00) вомехуранд.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони кишвар дар даври аввал бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, дар даври дуюм бо ҳамин ҳисоб аз тими ҷавонони Узбекистон шикаст хурд ва дар даври сеюм бар дастаи ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашт.