Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаи бозиҳои даври 12-уми лигаи олӣ

Натиҷаи бозиҳои даври 12-уми лигаи олӣ Натиҷаи бозиҳои даври 12-уми лигаи олӣ

30.07.2018

: 1151

Баъд аз танаффуси якуниммоҳаи тобистона дастаҳои футболи лигаи олӣ ба майдони сабз баргаштанд.

28-29 июл бозиҳои даври 12-уми чемпионати кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. 28 июл дастаи “Куктош” бар тими КМВА “Помир” бо 2:1 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 2-юм Меҳроҷиддин Музаффаров – футболбози тими мизбон кушод. КМВА “Помир” дар дақиқаи 31 тавассути голи Доробҷон Эргашев ҳисобро баробар кард, вале Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 48 голи дуюм ва ғалабаовари “Куктош”-ро зад. Баъд аз ин пирӯзӣ “Куктош” ба ҷои сеюми ҷадвали мусобиқа баромад.
Бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Хатлон” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Футболбози “Хатлон” Наимҷон Иброҳимзода дар дақиқаи 48 ҳисобро кушод, дар дақиқаи 90 бозингари тими мизбон Алишери Ҳотам голи ҷавобӣ зад.
29 июл ду бозии дигари даври дувоздаҳум доир гашт, ки “Хуҷанд” бар “Барқчӣ” ва “Истиқлол” бар “Регар-ТадАЗ” ғалаба карданд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Барқчӣ” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Бозингари мизбон Хуршед Бекназаров дар дақиқаи 25 ҳисобро кушод, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 50 ҳисобро афзуд – 2:0. Дар дақиқаи 75 футболбози тими меҳмон Далер Ёдгоров ҳисобро тағйир дод. Голи охиринро Вусал Магеррамов дар дақиқаҳои иловагӣ вориди дарвозаи тими “Барқчӣ” кард – 3:1.
“Регар-ТадАЗ” дар майдони худ аз дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Дилшод Восиев дар дақиқаи 77 ҳисобро кушод, дар дақаи 83 Сиёвуш Асроров ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро баробар кард. Голи ғолибиятро Шериддин Бобоев қабл аз анҷоми бозӣ зад.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА

  №     

  ДАСТАҲО

   Б     

  Ғ     

  М     

  Б    

     Т/Т

     Х    

 1

 «Истиқлол» (Душанбе)

 12

9

2

1

   23-12

    29

 2

 «Хуҷанд» (Хуҷанд)

 12

8

3

1

   25-12

    27

 3

 «Куктош» (Рӯдакӣ)

 12

5

3

4

   15-17

    18

 4

 КМВА «Помир» (Душанбе)

12

4

5

3

   16-17

    17

 5

 «Хатлон» (Бохтар)

12

4

2

6

   14-16

   14

 6

 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

3

4

5

   16-16

   13

 7

 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)                  

12

2

4

6

   8-16

   10

 8

 «Барқчӣ» (Ҳисор)

12

1

1

10

   6-17

    4


Дар даври 13-ум, ки 4-5 август баргузор мешавад, «Регар-ТадАЗ» бо «Куктош», КМВА «Помир» бо «Панҷшер», «Барқчӣ» бо «Истиқлол» ва «Хатлон» бо «Хуҷанд» вомехуранд.