Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Паҳлавонони ҷавони кишвар аз Ҷоми Осиё бо 9 медал баргаштанд

Паҳлавонони ҷавони кишвар аз Ҷоми Осиё бо 9 медал баргаштанд Паҳлавонони ҷавони кишвар аз Ҷоми Осиё бо 9 медал баргаштанд Паҳлавонони ҷавони кишвар аз Ҷоми Осиё бо 9 медал баргаштанд

24.07.2018

: 1601

Шоми 23 июл варзишгарони ҷавони кишвар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргаштанд.

Варзишгаронро, ки дар ду Ҷоми Осиё дар шаҳрҳои Ҳонг Конг ва Макаои Чин ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, масъулини соҳаи варзиш, наздикону пайвандон ва ҳаводорони варзиш дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе самимона пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар ду Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар шаҳрҳои Ҳонг Конг (14-15 июл) ва Макао (21-22 июл) сазовори 9 медал, аз ҷумла, 4 медали тилло гардиданд. Дар Ҳонг Конг миёни наврасон Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Миёни ҷавонон бошад, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг ғолиб шуд. Маҳмадулло Лоиқов дар вазни -90 кг медали нуқраро ба гардан овехт.
Дар Макао миёни наврасон Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг медали тилло, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Миёни ҷавонон Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) сазовори медали тилло гардиданд, Фаридун Холиқов (-81 кг) медали нуқра ва Маҳмадулло Лоиқов (-90 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Зимни суҳбат дзюдочиёни наврас иброз доштанд, ки дар Ҷоми Осиё бо мақсади ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии наврасон, ки моҳи октябр дар Буэнос Айреси Аргентина баргузор мешавад, иштирок карданд. Онҳо умед доранд, ки дар намуди дзюдо роҳхати олимпиро сазовор мегарданд.
Дзюдочиёни ҷавон бошад, акнун ба чемпионати ҷаҳон, ки моҳи октябр дар шаҳри Нассауи Ҷазираҳои Багама ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинанд.