Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими ҷавонон чемпионати АФОМ-ро бо ғалаба оғоз кард

23.07.2018

: 1125

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-15) дар бозии аввалаш дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) дар шаҳри Тошканди Узбекистон бар дастаи Афғонистон ғалаба кард.

Шогирдони Рустам Қурбонов дар ин дидор ба дарвозаи ҳариф 3 голи беҷавоб заданд. Меҳрубони Абдурауф 2 гол, Салоҳиддин Эргашев як гол ба ҳадаф расонданд.
Дар бозиҳои дигари даври аввал ҷавонони Узбекистон бар тими Туркманистон (4:1) ва Эрон бар дастаи Қирғизистон (2:0) ғолиб омаданд.
Бозиҳои даври дуюм фардо – 24 июл баргузор мешаванд. Тими ҷавонони Тоҷикистон ин навбат бо тими мизбон – Узбекистон вориди майдон мешаванд.