Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Инъикоси таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон тариқи матбуоти КБО

Инъикоси таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон тариқи матбуоти КБО Инъикоси таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон тариқи матбуоти КБО

20.07.2018

: 1380

Матбуоти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, аз ҷумла сомонаи “olympic.org” ва маҷаллаи “Olympic Highlights” (Лаҳзаҳои олимпӣ) аз таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Дар аввали гузориш омадааст: “Дар радифи дигар сокинони сайёра варзишгарони тоҷик, олимпичиён, маъмурони соҳаи варзиш, дӯстдорон ва ҳаводорони тарзи ҳаёти солим субҳи барвақти санаи 23 июни соли 2018 дар Боғи навбунёди “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе ҷамъ омада, Рӯзи олимпиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд”.
Дар идомаи гузориш гуфта шудааст, ки “Паёми президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бахро ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ба самъи ҳозирин расонд. Умуман, дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ 409 чорабиниву мусобиқаи варзишӣ барпо гардид, ки ба онҳо 22679 нафар ҷалб гардиданд”.
“Olympic Highlights” маҷаллаи серхонандарини соҳаи варзиш буда, ҳар моҳ як маротиба ба нашр мерасад ва ба 206 кумитаи олимпӣ дастрас карда мешавад.