21.07.2018
: 1625
Имрӯз – 21 июл – дар Макао Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон доир гашт, ки паҳлавонони тоҷик соҳиби 2 медал гардиданд.
Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 4 варзишгар иштирок карданд: Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг, Фаридун Холиқов дар вазни -81 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кг.
Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқа ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, сазовори медали тиллои мусобиқа гардид. Ӯ дар финал бар намояндаи Ҳиндустон Майанк Кадиан ғолиб омад. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни худ ҷойи сеюмро ишғол намуда, медали биринҷӣ ба даст овард. Эмомризо Қурбонов ҷои панҷумро ишғол кард.
Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон дар Макао 125 варзишгар (80 писар, 45 духтар) аз 29 давлати ҷаҳон иштирок карданд.
Рақобатҳо фардо миёни ҷавонон доир мегардад, ки ҷумҳурии моро 4 варзишгар намояндагӣ мекунанд:
Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг);
Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг);
Фаридун Холиқов (-81 кг);
Маҳмадулло Лоиқов (-90 кг).