Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бежан – аввалин иштирокчии БОН-2018 аз Тоҷикистон

17.07.2018

: 467

Тирандоз Бежан Файзуллоев аввалин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар III Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентинаро ба даст овард.

Ӯ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр миёни мардон иштирок мекунад.
III Бозиҳои олимпии наврасон аз 6 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад. Дар ин чорабинии варзишӣ ҳудуди 4000 варзишгари наврас аз 206 давлати ҷаҳон аз рӯи 32 намуди варзиш (241 қувваозмоӣ) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.