Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шумо анъанаи ҷашни Рӯзи олимпиро идома дода, таблиғ намуда истодаед

17.07.2018

: 1320

Арзи сипоси Ҳамбастагии олимпӣ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи олимпӣ

Муовини директори генералии Шуъбаи робита бо Ҳаракати олимпии Ҳамбастагии олимпӣ Пере Миро ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил шудани Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кардааст.
Пере Миро бо ирсоли нома ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла гуфтааст: “Боиси хушнудӣ аст, вақте фаҳмидем, ки Рузи олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидааст. Мо мутмаин гардидем, ки Шумо анъанаи ҷашни Рӯзи олимпиро таҳти шиори «Ҳаракат намо, биомӯз ва кашф намо» идома дода, моҳияти онро тариқи васоити ахбори омма тарғибу таблиғ намуда истодаед. Ин ҷашни солгард, аслан бо мақсади бузургдошти пойдевори олимпии муосир дар сартосари олам таҷлил гардида, кумитаҳои миллии олимпӣ бо тарғиби арзишҳои олимпизм ӯҳдадории худро дар назди соҳаи варзиш ва варзишгарон ба ҷой меоранд. Бинобар ин, мо Шуморо ба муносибати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани солгарди Рӯзи олимпӣ дар қаламрави кишвари худ самимона табрик менамоем ва зимнан то ҷашни ояндаи соли 2019 бо камоли майл омодаи ҳамкорӣ ҳастем”.
Дар нома гуфта шудааст, ки иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон вобаста ба ҷашни Рӯзи олимпӣ дастраси масъулини Ҳамбастагии олимпӣ гардидааст ва он дар наздиктарин фурсат дар сомонаи «Экстранет» нашр хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки 23 июни соли равон чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар кишвар субҳи барвақт бо машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз ёфта, давоми рӯз дар тамоми ҷумҳурӣ 409 мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзишӣ бо фаро гирифтани 22679 нафар, аз ҷумла 4800 бону баргузор шуданд.