Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозгашти тими варзиши сабуки кишвар аз Тошканд бо 12 медал

13.06.2018

: 1437

Тими мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Узбекистон оид ба варзиши сабук, ки 9-10 июн дар шаҳри Тошканд доир гашт, сазовори 12 медал (3 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ) шуданд.

Тавре сармураббии даста Ғайрат Неъматов иттилоъ дод, Кристина Пронженко дар қувваозмоиҳои дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа сазовори ду медали тилло гардид. Медали сеюми тиллои Тоҷикистонро тими мардон дар эстафетаи 4х400 метр ба даст овард.
Медалҳои нуқраро Одинаев Меҳроб (дав ба масофаи 3000 метр бо монеа), Атабоев Даврон (дав ба масофаи 400 метр), Абдурауф Мӯсоев (гурзандозӣ) ва Мирзоева Нодира (дав ба масофаи 3000 метр бо монеа) ба гардан овехтанд.
Ҳамчунин, Григорий Дерепаскин дар қувваозмоиҳои дав ба масофаи 200 ва 400 метр 2 медали биринҷӣ, Алишер Пулотов (дав ба масофаи 400 метр бо монеа), Гулсунбӣ Шарифова (дав ба масофаи 200 метр), тими мардон дар эстафетаи 4х100 яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқа 538 варзишгар аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва минтақаҳои Узбекистон иштирок карданд.