Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Ғалабаи навбатии “Истиқлол” ва мусовии “Хуҷанд” бо “Регар”

Лигаи олӣ: Ғалабаи навбатии “Истиқлол” ва мусовии “Хуҷанд” бо “Регар” Лигаи олӣ: Ғалабаи навбатии “Истиқлол” ва мусовии “Хуҷанд” бо “Регар”

04.06.2018

: 1414

Рӯзи якшанбе – 3 июн – ду бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 35 ва Дилшод Восиев дар дақиқаи 38 заданд.
Бозӣ миёни “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи “ТАЛКО Арена” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи ҳамлагари “Регар” Амирҷон Сафаров хуҷандиҳо тавассути Дилшод Бозоров бо гол ҷавоб гардонданд.
Ду бозии дигари даври 11 ҳафтаи равон доир мегарданд. Фардо – 5 июн – “Хатлон” дар майдони худ тими КМВА “Помир”-ро қабул мекунад, 9 июн бошад, “Барқчӣ” бо “Панҷшер” қувва месанҷанд.