02.06.2018
: 1598
1 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон МТМУ №75-ро ба истифода дода, баҳри бунёди Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ санги асос гузоштанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75-и ноҳияи Данғара барои 1280 нафар дар ду баст дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.
Маблағи умумии сохтмони муассиса 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида буд.
Мактаб бо дарназардошти талаботи замони муосир 4-ошёна буда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон рост омад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба 30 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд, ки дунёи зебо ва поку беолоиши онҳоро боз ҳам рангинтар намуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд. Маблағи умумии сохтмони бино муассиса 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.