Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Оғози расмии "Рӯзи дави олимпӣ"

Оғози расмии "Рӯзи дави олимпӣ" Оғози расмии "Рӯзи дави олимпӣ"

17.05.2005

: 332

17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози расмии "Рӯзи дави олимпӣ" ибтидо гузошт.

Рӯзи дави олимпӣ воситаи беназири тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба тарбияи ҷисмонию варзиш аст. Бо назардошти ҳамин асос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози Дави олимпӣ ба масъулини соҳа дастур дод, ки баҳри оммавӣ гардонидани варзиш, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишию бардамӣ, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори Ватан, тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа чораҳои бетаъхир андешанд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки рӯзҳои ҷашни  14-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ва маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ мусобиқаҳои бонуфуз бо ҷалби варзишгарони кулли манотиқи кишвар гузаронида шавад.
Аз рӯи муқаррароти расмии ин тадбири байналмилалӣ Дави олимпиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, матни таманниёти худро ба устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ғолиби Бозиҳои 1-уми ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ, ғолиби Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ Дилшод Назаров супорид.
Имсол Рӯзи дави олимпӣ таҳти шиори "Тарзи ҳаёти солим" баргузор гардид. Он ба соли байналмилалии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ки онро СММ тасдиқ намудааст, бахшида мешавад.
Бо мақсади иштирок дар дави имсолаи олимпӣ ҳазорон ҷавонони кишвар бо намояндагӣ аз кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷамъ омада буданд.
Иштирокчиёни Дави олимпӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушди  ҷомеаи  солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкор ва бедорию афзоиши ифтихори миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ равона гардидааст, изҳор доштанд, ки баҳри амалӣ шудани  нияту нақшаҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  талоши  зиёд ба харҷ медиҳанд.