Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Президенти кишвар варзишгарон ва иштирокчиёни Бозиҳои V варзишии Осиёи марказиро табрик кард

14.10.2003

: 338

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ва иштирокчиёни Бозиҳои V варзишии Осиёи Марказиро ба муносибати оғози бозиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Сардори давлат иброз дошт, ки ин бозиҳо дар таҳкими минбаъдаи дӯстии миёни халқҳои мо нақши арзанда мегузорад. Президенти ҷумҳурӣ барои бо муваффақона анҷом ёфтани ин чорабинӣ ба иштирокчиён бурдбориҳо таманно намуд.
Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ аз 14 то 20 октябри соли 2003 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор гардид. Ба  барномаи Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ чунин намудҳои варзиш дохил буд: гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, бокс, таеквондо (ВТФ), баскетбол, волейбол, тирандозӣ, теннис, гӯштини кураш.
Дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ ҷойи 1-умро варзишгарони Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷойи 2-юмро варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиб шуданд. Варзишгарони Тоҷикистон 17 медали тилло, 22 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ ба даст оварда, ҷойи 3-юмро ишғол карданд. Ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон инҳо буданд: К. Коробко, Л. Рубаева, С. Хозратова (таеквандо- ВТФ), Ш. Достиев, X. Ҷураев (бокс), Ю. Абдусаломов, Ш. Алиев (гӯштини тарзи озод), М. Тӯйчиев (гӯштини юнонӣ-румӣ), П. Собиров, Р. Боқиев, Ш. Бозоров (дзюдо), М. Бобоев, И. Фозилов, Д. Назруллоев (таеквондо-ВТФ), Д. Назаров, С. Стаканов (варзиши сабук), М. Яҳёев, С. Макашин (теннис). Ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ бо мошинаҳои сабукрав (мардҳо) ва хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе (бонувон) сарфароз гардонда шуданд.