Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ФФТ ва АФУ

12.04.2018

: 163

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, ҳамзамон ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ карда, ҷиҳати ҳамкории доимӣ миёни федератсияҳои миллии футболи ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Роҳбарияти ФФТ ва АФУ нақшаи баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ карда, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи футболи бонувон, наврасон, оммавияти футбол, маркетинг, тибби варзишӣ, таъмини илмӣ-техникӣ, таълим, доварӣ ва дигар масъалаҳо ба созиш расиданд.
Дар доираи мулоқот президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Умед Аҳмадҷонов ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Дар доираи сафари корӣ ба Душанбе Умед Аҳмадҷонов, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад, бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Алай” (Қирғизистон)-ро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тамошо кард.