Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии “Истиқлол” бар "Алай"

Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии “Истиқлол” бар "Алай" Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии “Истиқлол” бар "Алай" Ҷоми КФО-2018: Пирӯзии “Истиқлол” бар "Алай"

12.04.2018

: 120

Қаҳрамони футболи кишвар – тими “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи “D” дастаи “Алай”-и Қирғизистонро шикат дода, мавқеашро дар садри ҷадвал мустаҳкам кард.

Бозӣ шоми дирӯз – 11 апрел - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 48 Фатҳулло Фатҳуллоев аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Аҳал” ва “Олтин Асир”-и Туркманистон бе гол хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 3 давр “Истиқлол” бо 7 хол дар ҷои аввали ҷадвал қарор дорад. “Олтин Асир” бо 5 хол дар ҷои дуюм, “Аҳал” бо 4 хол дар ҷои сеюм ва “Алай”, ки хол надорад, дар ҷои чорум мебошанд.
Бозии навбатии “Истиқлол” 25 апрел дар меҳмонӣ муқобили “Алай” сурат мегирад.