Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

7 варзишгари тоҷик дар Гранд Слами Дусселдорф ширкат мекунанд

21.02.2018

: 577

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 23-25 феврал дар шаҳри Дусселдорф баргузор мешавад, ба Ҷумҳурии Олмон сафар кард.

Дар мусобиқаи мазкур 7 варзишгари мо дар 4 вазн муҳориба мекунанд: Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов (-100).
Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар Гранд Слам Дусселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок мекунанд.
3 варзишгари мо – Мирзоҷамил Рамазонов (-73), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Темур Раҳимов (-100) имрӯз дар мусобиқаи кушоди Аврупо дар шаҳри Оберварти Австрия ширкат карда, дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон мағлуб шуданд.