Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

200 оилаи хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзил шуданд

200 оилаи хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзил шуданд 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзил шуданд

21.02.2018

: 445

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 - ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз се қисм иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, он тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар баробари фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ ҳамзамон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист тайи солҳои охир тадбирҳои муассир андешида, марҳила ба марҳила дар самти ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон муваффақ мешавад.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳр таровати дигар зам кунад, аз ҷониби дигар боиси коҳиш додани мушкилоти норасоии манзили зист дар шаҳри Душанбе, махсусан барои кормандони ташкилоут идораҳои давлатӣ дар пойтахт мегардад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз сокинони хуштолеъ - кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки ба Ватан - модар содиқона хизмат намоянд.