Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастоварди варзишгарон дар соли 2017 - туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон

Дастоварди варзишгарон дар соли 2017 - туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон Дастоварди варзишгарон дар соли 2017 - туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон Дастоварди варзишгарон дар соли 2017 - туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон Дастоварди варзишгарон дар соли 2017 - туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон

22.12.2017

: 591

Иқтибос аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

"Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Имсол варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, шаъну шарафи Ватани азизамонро баланд бардоштанд, ки ин дастовардҳои онҳо туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон мебошад.
Ҳарчанд ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шудааст, вале мо бояд дар оянда низ ба бунёди майдонҳо, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ диҳем.
Имсол танҳо дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе, иловатан, тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.

Дар доираи ин ташаббус ба роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолият ҳамаи имкониятҳоро ба оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш сафарбар созанд.

Зарур аст, ки дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳату фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ дастҷамъона идома дода шаванд."