Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Хоҷазода Беҳрӯз – беҳтарин варзишгари соли 2017

Хоҷазода Беҳрӯз – беҳтарин варзишгари соли 2017 Хоҷазода Беҳрӯз – беҳтарин варзишгари соли 2017 Хоҷазода Беҳрӯз – беҳтарин варзишгари соли 2017 Хоҷазода Беҳрӯз – беҳтарин варзишгари соли 2017

27.12.2017

: 128

Шоми 26 декабр дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе, маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба беҳтарин ҷавонон ва варзишгарони соли 2017 баргузор гардид.

Нахуст ғолибони озмуни Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ ва барномасозӣ муаррифӣ шуда, сазовори ҷоиза гардиданд. Инчунин, ба ҷавонони фаъол ва кормандони соҳаҳои гуногун баҳри фаъолияти самарабахш ва саҳми арзанда гузоштан дар “Соли ҷавонон” туҳфаҳои сарпарасти “Соли ҷавонон” президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.

Дар самти варзиш 25 варзишгаре, ки меъёри Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо дар соли 2017 иҷро намуданд, сазовори мукофоти пулӣ шуданд:

НАМУДҲОИ ОЛИМПӢ:
1. Назаров Дилшод, варзиши сабук, ҷои якум дар Чемпионати Осиё (06-09.07.2017, Ҳиндустон), 75 000 сомонӣ;
2. Устопириён Комроншоҳ, гӯштини дзюдо, ҷои якум дар Чемпионати Осиё (26- 27.05.2017, Ҳонгконг), 75 000 сомонӣ;
3. Даминов Шаҳриёр, қайиқронӣ, ҷои дуюм дар Чемпионати Осиё (01- 06.06.2017, Чин), 50 000 сомонӣ.
4. Ҳасанов Бахтовар, гӯштини юнонӣ-римӣ, ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё (09-15.05.2017, Ҳиндустон), 25 000 сомонӣ;
5. Қурбонов Ҷаҳон, бокс, ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё (29.04-07.05.2017, Узбекистон), 25 000 сомонӣ;
6. Раҳимов Темур, дзюдо, ҷои сеюм дар Чемпионати чаҳон байни ҷавонон (18-21.10.2017, Хорватия), ҷои дуюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (15- 16.07.2017, Қирғизистон), 37 500 сомонӣ;
7. Маҳмадбеков Сомон, дзюдо, ҷои сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (18- 21.10.2017, Хорватия), 25 000 сомонӣ;
8. Абдуллоев Ҷамолиддин, дзюдо, ҷои сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон (09- 12.08.2017, Чилӣ), 25 000 сомонӣ;
9. Лоиқов Разиавлоҳ, дзюдо, ҷои якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (13-14.07.2017, Қирғизистон), 18 750 сомонӣ;
10. Маҷидов Ҷаҳонгир, дзюдо, ҷои якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (13-14.07.2017, Қирғизистон), 18 750 сомонӣ;
11. Фарҳодов Раҳматуллобек, дзюдо, ҷои якум дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (15-16.07.2017, Қирғизистон) 18 750 сомонӣ;
12. Маҳмадов Ҳоҷиқурбон, каратэ-до, ҷои дуюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (09-17.07.2017, Қазоқистон), 12 500 сомонӣ;
13. Сарахонов Муҳаммадраҳим, дзюдо, ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (15-16.07.2017, Қирғизистон), 6250 сомонӣ;
14. Маҳмадбеков Раҳмонҷон, гӯштини озод, ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон (23-24.07.2017, Бангкок), 6250 сомонӣ;
15. Раҳмонов Ҳоҷимашраб, дзюдо, ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (15-16.07.2017, Қирғизистон) 6250 сомонӣ;
16. Абдуллоев Эраҷ, дзюдо, ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон (15-16.07.2017, Қирғизистон), 6250 сомонӣ;

НАМУДҲОИ ҒАЙРИОЛИМПӢ:
17. Ҳоҷазода Беҳрӯз, самбо, ҷои якум дар Чемпионати ҷаҳон (09-12.11.2017, Руссия), 50 000 сомонӣ;
18. Хоркашов Набимуҳаммад, самбо, ҷои дуюм дар Чемпионати ҷаҳон (09-12.11.2017, Руссия), 40 000 сомонӣ;
19. Каримов Акмалиддин, самбо, ҷои дуюм дар Чемпионати ҷаҳон (09-12.11.2017, Руссия), 40 000 сомонӣ;
20. Олимшоев Зафар, самбо, ҷои сеюм дар Чемпионати ҷаҳон (09-12.11.2017, Руссия), 30 000 сомонӣ;
21. Латифов Сорбон, самбо, ҷои сеюм дар Чемпионати ҷаҳон (09-12.11.2017, Руссия), 30 000 сомонӣ;
22. Ибодов Ибодулло, ҷиу-ҷитсу, ҷои якум дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (10-23.04.2017, АМА), 12 500 сомонӣ;
23. Ҳукматов Саидшо, ҷиу-ҷитсу, ҷои дуюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (10-23.04.2017, АМА), 10 000 сомонӣ;
24. Абдураҳимов Шамсиддин, ҷиу-ҷитсу, ҷои дуюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (10-23.04.2017, АМА), 10 000 сомонӣ.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва намояндагони федератсияҳову мутахассисони соҳаи варзиш беҳтаринҳои соҳаро давоми соли 2017 аз рӯи 7 номинатсия: “Варзишгари беҳтарини сол”, “Мураббии беҳтарини сол”, “Мактаби варзишии беҳтарини сол”, “Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол”, “Беҳтарин иншооти варзишии сол”, “Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишӣ дар ҷумҳурӣ” ва “Беҳтарин ВАО барои тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” эълон намуд:

Беҳтарин варзишгари сол: ХОҶАЗОДА БЕҲРӮЗ
Қаҳрамони вазни 75 килои Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ, ғолиби Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар намуди гӯштини миллӣ, “Ҷоми Пойтахт-2017”, “Наврӯз-2017”, Қаҳарамони вазни 68 килои Тоҷикистон дар намуди самбо, қаҳрамони вазни 68 килои Осиё дар намуди самбо, ғолиби Бозиҳои V-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқобод дар намуди самбо (-74 кг), мақоми дуюм дар Бозиҳои V-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқобод дар намуди кураш ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар вазни 74 кило миёни калонсолон.

Мураббии беҳтарини сол: САДРИДДИН ОБИДОВ
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довари дараҷаи байналмилалии самбо, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 сол мешавад, ки ба мураббигӣ машғул аст. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи ӯ баъди 42 сол медали тиллои чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди самбо миёни калонсолон вориди хазинаи тиллоии варзиши Тоҷикистон гардид.

Мактаби варзишии беҳтарини сол: МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАКТАБИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАҲОРАТИ ОЛИИ ВАРЗИШӢ ОИД БА НАМУДҲОИ ГӮШТИН
Мактаби мазкур аз рӯи 5 намуди гӯштин – дзюдо, самбо, тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини миллӣ фаъолият дорад. Дар муассиса соли 2017 37 гурӯҳи варзишӣ бо теъдоди 244 нафар варзишгар фаъолият кардаанд. Давоми соли 2017 варзишгарони “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва кушоди муассиса, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои байналмилалии Авруосиё ва Ҷоми Аврупо, чемпионати Осиё ва Ҷоми Осиё, Ҷоми ҷаҳон, мусобиқаҳои литсензионӣ ва бозиҳои давлатҳои исломӣ иштирок намуда 604 медал (210 тилло, 152 нуқра, 243 биринҷӣ) ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли 2016 278 медал зиёд аст.

Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишии сол: ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми соли 2017 75 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ҳамин давра дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе дар асоси “Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарони пойтахт дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилӣ дар соли 2017” миёни наврасону ҷавонон 83 чемпионату мусобиқаҳои кушоди шаҳри Душанбе оид ба гуштини миллӣ, юнонӣ-римӣ, тарзи озод, самбо, дзюдо, бокс, шоҳмот, шашка, футбол, футболи хурд, баскетбол, волейбол, тӯби дастӣ, таэквандо (ИТФ), бо фарогирии 90 ҳазору 816 нафар (аз ин шумора 9 ҳазору 731 нафар бонувон), 40 маротиба сафарбаркунии 520 нафар варзишгар (91 нафар зан) ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 333 машқҳои субҳгоҳӣ бо ташкили мусобиқаҳои дӯстона бо фарогирии 126 ҳазору 847 нафар (аз ин шумора 12 ҳазору 687 нафар бонувон), Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаи гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо фарогирии 21 ҳазору 810 нафар (аз ин шумора 2 ҳазору 471 нафар бонувон), мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2017” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдорӣ-2017”, Фестивали варзишии намудҳои обӣ - 2 маротиба, пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фарогирии 34 ҳазору 821 нафар (аз ин шумора 7 ҳазору 690 нафар бонувон) наврасону ҷавонон ва сокинону меҳмонони пойтахт, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои веломарафон ва дави миллӣ баргузор карда шуд, ки дар умум 473 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 359 ҳазору 118 нафар (аз ин шумора 30 ҳазору 199 нафар бонувон, соли 2016 211 чорабинӣ бо фарогирии 233 ҳазору 469 нафар - 262 чорабинӣ бо фарогирии 125 ҳазору 649 нафар зиёд мебошанд) гузаронида шудааст.

Беҳтарин иншооти варзишии сол: ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ҲИСОР
Давоми соли 2017 дар варзишгоҳи мазкур бозиҳои ҳалталаби тими миллии футболи кишвар баргузор гардид. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аз соли 2015 бо 19 ҳазору 700 ҷои нишаст мухлисони футболи тоҷикро ба ҳам меорад. Давоми соли 2017 8 бозии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар он гузаронида шудааст. Даври финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017, бозиҳои гурӯҳии даври интихобии чемпионати Осиё миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки тими ҷавонон ва наврасони кишвар ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври панҷуми Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019-ро дар гурӯҳи “F” бо тими миллии Яман (0:0) дар ин варзишгоҳ доир намуд.

Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол: ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН
Давоми соли 2017 ФФТ қариб 120 мусобиқа баргузор намудааст. Тими мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ шомили раддабандии Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ (ФИФА) шуд, тими “Истиқлол” бори дуюм сазовори медалҳои нуқраи Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё-2017 гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” дар зинаи сеюм бо 7 имтиёз қарор гирифт. Мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳ ёфтанд. Дастаи мунтахаби футзали кишвар низ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё -2018 роҳхат ба даст овард. Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон низ роҳхати Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 3 то 12-уми апрели соли 2018 доир мегарданд, дар соли 2017 ба даст овард.

Беҳтарин ВАО барои тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш: ТВ “ВАРЗИШ”
Муассисаи давлатии “Телевизиони “Варзиш” ягона телевизиони вазишӣ мебошад, ки давоми 365 рӯзи соли 2017, ки 8760 соатро ташкил медиҳад, пурра барномаҳояш дар самти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бахшида шудааст. Телевизони мазкур давоми сол талош намудааст, ки аз ҷараёни воқеаҳои муҳими варзишии дохилию хориҷӣ бинандаи худро огоҳ намояд. Танҳо Идораи гузоришҳо ва пахши мустақими телевизиони “Варзиш” давоми як моҳ ба ҳисоби миёна аз 320 то 380 соат барномаҳоро мустақиман манзури тамошобинон мегардонад.