Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

О совете

Дзюдочиёни ҷавони кишвар аз Бейрут бо 7 медал бармегарданд

маопсл

пгшдож рпошдпд

14 Мая 2018 03:05

Количество просмотров: 1440

Тавре хабар дода будем, 10-13 май дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон доир гашт, ки варзишгарони мо сазовори 7 медал шуданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои кишвар хабар доданд, дар рақобатҳо миёни наврасон варзишгарони мо 4 медал ва миёни ҷавонон 3 медал ба даст оварданд.
Миёни наврасон Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра, Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни 73 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни 90 кг медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд. Дар вазни 55 кг варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков ҷои панҷумро сазовор гашт.
Дар қувваозмоиҳо миёни наврасон 178 варзишгар аз 20 давлати қораи Осиё иштирок карданд. Ҷумҳурии моро 9 варзишгар дар 6 вазн намояндагӣ карданд.
Миёни ҷавонон бошад, Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг медали нуқра ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, варзишгарони зерин натиҷаи беҳтар нишон доданд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни 66 кг, Маҳмадулло Лоиқов дар вазни -90 кг, Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг ҷои панҷум ва Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60 кг ҷои ҳафтум.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон 196 варзишгар аз 22 давлат ширкат карданд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар (10 писар, 1 духтар) иштирок намуданд.