Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Пирӯзии “Хатлон” бар “Регар”

14.05.2018

: 146

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

12 май бо ду бозии даври ҳаштум марҳилаи дуюми чемпионати кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ шуд. Дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ ба дарвозаи “Барқчӣ”-и Ҳисор 1 голи беҷавоб зад. Голро легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов ба номи худ сабт намуд.
Вохурӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Хуҷанд” дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бидуни гол анҷом ёфт.
Бозии дигари давр 13 май миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Регар-ТадАЗ” баргузор шуд. Тими “Хатлон” дар ин дидори хонагӣ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳар ду голро нимҳимоятгар Кароматулло Саидов зад.
Бозиҳои даври оянда 19-21 май баргузор мешаванд. Дар даври нуҳум “Хуҷанд” бо “Куктош”, “Барқчӣ” бо “Хатлон”, “Регар-ТадАЗ” бо КМВА “Помир” ва “Истиқлол” бо “Панҷшер” рақобат мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

  ҶОЙ           

ДАСТАҲО

  Б        

  Ғ    

  М    

  Б    

Т/Т

  Х    

1

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

8

5

2

1

15-7

17

2

“Истиқлол” (Душанбе)

7

5

2

0

13-6

17

3

“Хатлон” (Бохтар)

8

4

1

3

11-9

13

4

“Куктош” (Рӯдакӣ)

8

3

3

2

9-10

12

5

КМВА “Помир” (Душанбе)

7

2

4

1

10-11

10

6

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

8

2

2

4

10-11

8

7

“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)

8

1

3

4

5-11

6

8

“Барқчӣ” (Ҳисор)

8

0

1

7

3-11

1