Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

О совете

Ду медали муштзанҳои наврас аз Чемпионати Осиё

маопсл

пгшдож рпошдпд
Ду медали муштзанҳои наврас аз Чемпионати Осиё Ду медали муштзанҳои наврас аз Чемпионати Осиё Ду медали муштзанҳои наврас аз Чемпионати Осиё Ду медали муштзанҳои наврас аз Чемпионати Осиё

9 Августа 2019 06:08

Количество просмотров: 1024

Варзишгарони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мактаббачагон сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.

Чемпионат 1-9 август дар шаҳри Кувайти Давлати Кувайт миёни писарони соли таваллудашон 2005-2006 аз рӯи 14 категорияи вазнӣ сурат гирифт. Дар муҳорибаҳо 150 варзишгар аз 21 давлати қораи Осиё ширкат намуданд. Аз ҷумҳурии мо 9 варзишгар ба мусобиқа сафарбар гардиданд.
Медалҳои биринҷиро дар ҳайати Тоҷикистон Руслан Ғафуров дар вазни 37кг ва Шаҳбоз Додоҷонов дар вазни 52кг ба даст оварданд. Руслан пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Сурия ва Қирғизистон, дар нимфинал аз намояндаи Узбекистон шикаст хурд. Шаҳбоз низ бар варзишгарони Урдун ва Кувайт дастболо гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Узбекистон мағлуб гардид. Ҳар ду варзишгари мо барои ҷои сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.