1-3 октябр бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бо дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон семинари омӯзишӣ доир шуд.
Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар ду бозии даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар дастаи “Истаравшан” ғалаба карда, ба финали мусобиқа баромад.
Бозиҳои даври дувоздаҳум ва се бозии даври сенздаҳуми лигаи ҳендболи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Бозиҳои даври мавқуфмондаи 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расиданд.
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав майдончаи варзишии болопӯшидаро ба истифода доданд.
29 сентябр дар даври мавқуфмондаи 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Истаравшан” бар тими “Файзканд”-и Восеъ ғалаба кард – 5:2.
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии Парвиз Собировро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Имрӯз, 29 сентябр, дар Хуҷанд дар аввалин силсилабозиҳои ҷуфти дигари нимфинали лигаи футзали кишвар “Сипар” дастаи “Истаравшан”-ро қабул мекунад.
“Токио-2020” зарфҳои пластикии лозимаро барои сохтани суфаҳои ҷоизасупорӣ ҷиҳати коркарди дубора ҷамъ овард.
Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) тақвими чорабиниҳояшро барои соли 2021 бозбинӣ кард, то тағйироти охире, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 рух дод, дар бар гирад.