Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regenсy” сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла иштироки фаъолонаи ҳайати олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои осиёӣ, мушкилиҳои пешомада дар робита ба пандемияи Covid-19 ва бартараф кардани онҳо баррасӣ шуд.
Дар чемпионат 60 варзишгар дар ҳайати 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд.
Умар Кремлеви русиягӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), ки ба таври онлайн баргузор шуд, пас аз чор даври овоздиҳӣ президенти ин созмон интихоб шуд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия фаъолияти Кумита ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2020, инчунин Нақшаи кори Кумита барои соли 2021 ва Оинномаи Кумита дар таҳрири нав баррасӣ ва барои тасдиқ ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории байни кумитаҳои олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
9 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, Президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот карданд.
5 декабр, дар формати онлайн, конгресси сеюми Ассотсиатсияи триатлони Осиёи Марказӣ (Central Asian Triathlon Association - САТА) баргузор шуд.
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон баргузор шуд.
Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, ҳамчунин тими мунтахаби кишварро эълон кард, ки аз 16 нафар иборат аст.