23.01.2025
: 175
Давоми рӯз, зимни сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ал-Мусаллам - директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, Президенти Федератсияи ҷаҳонии варзиши обӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) аз шароит ва имконоти намуди варзиши обӣ дар пойтахт дидан намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз фаъолияти Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ" боздид намуда, ба хотири рушди минбаъдаи соҳа ба ҳайати кормандони муассиса барору музаффарият таманно намуданд.
Сипас, ҳозирин ба Муассисаи давлатии "Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби" - и шаҳри Душанбе омада, аз ин иншооти бузурги варзишии кишвар дидан намуда, бо мураббиёну варзишгарон сӯҳбати самимӣ намуданд.