Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

130 000,00 СОМОНӢ МУКОФОТПУЛӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ КИШВАР, КИ БА 33-ЮМИН БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ 2024 РОҲ ЁФТААНД

18.07.2024

: 272

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати миллии букмекерии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Формула-55” варзишгарони кишварро, ки ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 роҳ ёфтаанд ва ҷумҳурии азизамонро дар ин чорабинии сатҳи олии варзишӣ муаррифӣ менамоянд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ намуданд.  
Иттилоъ додан ба маврид аст, ки варзишгарони кишвар, ки холҳо ва меъёрҳои муқарраргардидаи зарурии олимпиро ба даст оварда, роҳхатҳои мустақими олимпиро касб намудаанд, бо 10 000,00 сомонӣ ва варзишгароне, ки квота ва ё ҷойҳои универсалиро соҳиб шудаанд, бо 5000,00 сомонӣ мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки Ватани маҳбубамонро дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024, 14 нафар варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ менамоянд. 6 нафар паҳлавон аз намуди гӯштини ҷудо: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), 3 нафар муштзан аз намуди бокс: Миҷгона Самадова (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг), 2 нафар шиновар аз намуди шиноварӣ: Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов  дар масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, 1 нафар варзишгар аз намуди таеквондо – Мунира Абдусаломова (+67 кг), гӯштии тарзи озод як нафар – Виктор Рассадин (-74 кг) ва дар варзиши сабук  – Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр сабқат мекунанд.