31.05.2024
: 482
Бо мақсади иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои соли 2024, дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” татбиқ гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб дар семинари омӯзишие, ки дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумита баргузор гардида буд, аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта, пас аз он мавзуъҳои дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” ба хонандагони ин муассиса таълим дод.
Дар робита ба ин, ҷиҳати ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан ва бо мақсади ҷамъбаст намудани барнома дар ин муассисаи таълимӣ дар ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ин ҷамъомад директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева бо хонандагони аз ин барнома баҳраваршуда мулоқот анҷом дод.
Миёни хонандагон вобаста ба мавзуъҳои сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди Ҳаракати олимпӣ, фарҳанг ва мероси олимпӣ виктарина баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, миёни хонандагон ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева суҳбати озод дар мавзӯи варзиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар кишвар баргузор гардид.
Ҳамзамон, ба Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и ш. Кӯлоб кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонида шуд.
Дар интиҳо роҳбарият ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ва татбиқ гардидани барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ин муассиса изҳори сипос намуданд.