Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАТБИҚИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №2 БА НОМИ СОҲИБ ТАБАР ШУРАТИЕВИЧ, Н. МУЪМИНОБОД

31.05.2024

: 153

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Соҳиб Табар Шуратиевич, н. Муъминобод бо иштироки намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ҷамъомад баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҷамъомад ин ҷамъбаст намудани барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” буд.
Ёдовар мешавем, ки як қатор хонандагони ин муассисаи таълимӣ аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта буданд.
Дар ин росто, ҷиҳати ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ виктарина баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева дар мавзуъҳои варзиш, арзишҳои олимпӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар кишвар суҳбати озод анҷом диҳанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Соҳиб Табар Шуратиевич, н. Муъминобод кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонида шуд.
Роҳбарият ва хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак ва татбиқи барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” дар ин муассиса изҳори сипос намуданд.