Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАТБИҚИ БАРНОМАИ “ОМӮЗИШИ ФАРҲАНГ ВА МЕРОСИ ОЛИМПӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №30 БА НОМИ ДАЛИЕВ НАЗАР, НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

31.05.2024

: 154

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба номи Далиев  Назар, н. Муъминобод барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ” ба пуррагӣ татбиқ гардид.
Тавре иттилоъ дода будем, омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии ин муассисаи таълимӣ қаблан дар семинари омӯзишие, ки дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардида буд, аз рӯи дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” доир ба сиёсати бузурги варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва мероси олимпӣ мавзуъҳоро омӯзиш гирифта, пас аз он мавзуъҳои дастурамал оид ба “Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ” ба хонандагони ин муассиса таълим дод.
Бо мақсади ҷамъбаст намудани барнома дар ин мактаб ва ҷиҳати ба ҳадафҳои гузошташудаи барнома расидан, дар санаи болозикргардида ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ин ҷамъомад директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева бо хонандагони аз ин барнома баҳраваршуда мулоқот анҷом дод.
Тибқи нақша қаблан миёни хонандагон вобаста ба мавзуъҳои сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди Ҳаракати олимпӣ, фарҳанг ва мероси олимпӣ виктарина баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.
Зимнан, миёни хонандагон ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – Мавзуна Чориева суҳбати озод дар мавзӯи варзиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар кишвар баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба номи Далиев  Назар, н. Муъминобод кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводҳои дафтардорӣ ва лавозимотҳои варзишӣ расонид.